Июн 21, 2020 18:41 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми беш аз 300 маркази дармонии Яман тавассути эътилофи Саудӣ

Вазири беҳдошти Яман гуфт, таи ҳафтаҳои гузашта ва ҳамзамон бо хурӯҷи коронавирус, беш аз 300 бемористон ва маркази беҳдоштӣ дар Яман ҳадафи ҳамалоти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ қарор гирифтааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмасира, Тоҳо Алмутаваккил, вазири беҳдошти Яман рӯзи якшанбе афзуд:

Таи ин муддат садҳо мошини ёрии таъҷилӣ низ ҳадафи ҳамалоти эътилофи Саудӣ қарор гирифта, ки бар асари он, теъдоди зиёде аз ғайринизомиён кушта шудаанд.

Алмутаваккил вазъияти беҳдошти Яман дар манотиқи ишғолшуда, тавассути эътилофи Саудиро бисёр вахим ва дарднок эълом кард ва гуфт: 

Шаҳрвандони сокин дар ин манотиқ, аз дарёфти хадамоти муносиби пизишкӣ маҳрум ҳастанд.

 

Барчасп