Октябр 06, 2016 10:28 Asia/Dushanbe
  • Нақшаи

Таҳлилгари низомии шабакаи СНН, муҳиммтарин бахши нақшаи "б"-и Амрико дар Сурияро фош кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии ал-Олам, дар ҳоле, ки гурӯҳҳои террористӣ ва кишварҳои ҳомии онҳо, саъй мекунанд давлати Сурияро аз нақшаи "б"-и Амрико битарсонанд, Рик Франкона, сарҳанги бознишастаи Амрико, мавзӯи нақшаи "б"-и давлати ин кишварро даст кашидан аз барандозии Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия донист.

Вай хотирнишон кард, аҳдофи Амрико дар Сурия, ҳамвора бар пояи саркӯби ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра ба унвони шохаи Алқоида дар Сурия ва ҳамчунин барандозии Башор Асад аз тариқи роҳи ҳалли сиёсӣ будааст.

Вай афзуд, ба ин тартиб, нақшаи ҷойгузини Амрико, даст кашидан аз барандозии Башор Асад ва тамаркуз бар саркӯби ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра хоҳад буд.

Истилоҳи нақшаи "б", пас аз он матраҳ шуд, ки Амрико ва Русия, барои ҳалли буҳрони Сурия ба тавофуқ нарсиданд ва Амрико тасмим гирифт, тарҳи ҷойгузин барои ифои нақш дар Сурия дар назар бигирад.