Июн 25, 2020 11:25 Asia/Dushanbe
  • Арабҳо таъкид кардаанд пеш аз таҳақуқи сулҳ бо Исроил оддисозӣ намекунанд

Раиси Ташкилоти Худгардони Фаластин таъкид кард ; иҷроии тарҳҳои илҳоқ дар арозии фаластини ишғолӣ гоми ғайриқонунӣ аст.

Ба нақл аз Исно , Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар суханронии худ дар баробари ҷаласаи ихтитомияи давраи чоҳоруми қонунгузории дуввуми Парлумони Арабӣ ,ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуда буд, таъкид кард ; мо илҳоқи ҳар ваҷаб аз хоки Фаластини ишғолӣ ба давлати ишғолгарро бо ҳар унвон чи Муомилаи қарн ва ё ҳар исми дигар ва тамоми тарҳҳои амрикоӣ- исроилӣ нишон гирифта аз онро намепазирем.

Раиси Ташкилоти Худгардони Фаластин афзуд ; тасмиме ,ки раҳбари Фаластин дар нишастҳояш ,ки бо ҳузури ҳамаи гуруҳҳои Созмони Озодибахши Фаластин гирифта ва лағви тавофуқот бо давлати ишғолгар ба  манзалаи ин нест ,ки мо хоҳони сулҳ нестем балки ба ин маъни аст ,ки мо дастамонро ба суи сулҳ дароз кардаем ва омодаи рафтан ба Канфронси байналмилаллӣ ва талош аз тариқи созукори чанд ҷониба аз ҷумла кумитаи чорҷониба барои назорат бар музокирот бар асоси қатъномаҳои байналмилаллӣ ва тарҳи сулҳи арабӣ ҳастем.

Аббос аз Парлумони арабӣ хост ба талошҳояш дар барқарории тамосҳо барои расондани паёмаш ба давлати Амрико ва Исроил дар мухолифати қотеъ бо ҳаргуна тарҳ ва иқдоме ,ки бинобар илҳоқи ҳар ваҷаб аз хоки Фаластини ишғолӣ бошад , идома диҳад ва аз Шурои амният ва маҷмаъи умумии Созмони Милалл бихоҳад тадбирҳои фаври ва қотеъ барои мумониат аз иҷроии тарҳҳо илҳоқ бигирад.

Раиси Ташкилоти Худгардони Фаластин талош бо Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои узв барои иттихози гомҳои фаврӣ ба манзури тавақуфи тарҳҳои илҳоқ ва ба расмият шинохтани кишвари Фаластин ва мутолиба аз Порлумонҳои минтақаӣ ва Иттиҳодияи Аврупо барои мухолифат бо тарҳҳои ишғолгаронаро хостор шуд ва нисбат ба паёмадҳои ин тарҳҳо бар сулҳи минтақа ва ҷаҳон ҳушдор дод.