Интиқоди Итиҳодияи Аврупо аз посухи мушакии яманиҳо ба таҷовузҳои мукаррари Арабистон
(last modified Thu, 25 Jun 2020 12:53:24 GMT )
Июн 25, 2020 17:53 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Итиҳодияи Аврупо аз посухи мушакии яманиҳо ба таҷовузҳои мукаррари Арабистон

Иттиҳодияи Аврупо барои маҳкум кардани ҳамалоти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба Яман, аз посухи мушакии яманиҳо ба ҷиноёти саудиҳо интиқод кард.

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе алорағми сукути ҳамешагии худ дар баробари ҳамалоти эътилофи Саудӣ ба мардуми мазлуми Яман, дар баёнияе, иқдоми ахири артиши Яман дар шиллики чанд фарванд мушак ба Риёз, пойтахти Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бомдоди сешанбе, дар посухи ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, Риёз, пойтахт ва чандин нуқтаи дигари Арабистонро ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ ва мушакӣ қарор дод.

Пештар артиши Яман таъкид карда буд, мавозеъ ва ҳамчунин таъсисоти иқтисодии мутаҷовизон то замоне, ки муҳосира ва таҷовузи онон ба Яман идома дошта бошад, дар тирраси мушакҳо ва паҳподҳои яманӣ хоҳад буд.