Июн 26, 2020 18:51 Asia/Dushanbe
  • Радди дидор бо мақоми исроилӣ аз сӯи Ташкилоти худгардони Фаластин

Ташкилоти худгардони Фаластин дидор бо мақоми исроилиро рад кард.

Ташкилоти худгардони Фаластин бо миёнҷигарии байналмилалӣ барои истиқбол аз як масъуили исроилӣ дар Ромуллоҳ мухолифат кард.

Ба гузориши ИСНА, расонаҳои исроилӣ эълом карданд, Ташкилоти худгардони Фаластин ду ҳафта пеш бо миёнҷигарии байналмилалӣ барои истиқбол аз як масъули исроилӣ дар Ромуллоҳ мухолифат кард. Аз замоне, ки Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин аз таваққуфи ҳамоҳангӣ бо Исроил хабар дод, ҳеҷ масъули исроилии олиртбае ба Ромуллоҳ сафар накардааст.

Ин расонаҳо эълом карданд, Моҷид Фараҷ, раиси дастгоҳи иттилооти Фаластин ё Ҳусайн Ашшайх, вазири умури маданӣ бо ҳеҷ масъули исроилӣ чӣ дар Каронаи бохтарӣ ва чӣ дар дохили манотиқи Исроил дидор накардаанд.

Тарафҳои амрикоӣ борҳо талош кардаанд, канали иртиботӣ бо раҳбарии Фаластин эҷод кунанд, аммо Ташкилоти худгардон бо ин масъала мухолифат ва таъкид кард, қабл аз ҳар иқдоме бояд тарҳи “муомилаи қарн” лағв шавад.