Июн 28, 2020 13:31 Asia/Dushanbe
  • Худдории Абумозин аз гуфтугӯ бо вазири умури хориҷаи Амрико

Телевизиони режими саҳюнистӣ фош кард, ки раиси Ташкилоти худгардони Фаластин гуфтугӯи телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Амрикоро рад кардааст.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Раъй-ал-Явм, шабакаи давлатии Кони режими саҳюнистӣ шанбешаб гузориш дод, ки Маҳмуд Аббос (Абумозин )- раиси Ташкилоти худгардони Фаластин бо гуфтугӯи телефонӣ бо Майк Помпео- вазири умури хориҷаи Амрико ё дидори мустақим бо ӯ мухолифат кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Помпео  қасд  дошта дар ин тамоси телефонӣ тарҳи илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтариро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Шабакаи исроилии Кон ҳамчунин гузориш кард, ки ҳафтаи гузашта нишасте байни намояндагони Ожонси иттилооти марказии Амрико (CIA) ва масъулони фаластинӣ баргузор шуд то фаластиниҳо ба гуфтугӯ бо давлати Амрико дар бораи «Муомилаи қарн» розӣ шаванд, аммо талоши ин тими амрикоӣ ҳам бенатиҷа буд.

28 январи гузашта Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико тарҳи мавсум ба «Муомилаи қарн»-ро эълом кард, ки ҳаққи фаластиниёнро барои ташкили давлати мустақили Фаластин поймол мекунад ва шаҳри ишғолии Қудсро пойтахти режими саҳюнистӣ медонад.

Аз сӯи дигар Бенямин Натанияҳу- нахуствазири режими саҳюнистӣ аз тарҳи ишғоли 30 дарсад аз сарзаминҳои Каронаи Бохтарӣ хабар додааст.

 

 

 

Барчасп