Июн 30, 2020 13:31 Asia/Dushanbe
  • Озодии неруҳои боздоштшудаи Ҳашдушшаъбии Ироқ

Неруҳои боздоштшудаи Ҳашдушшаъбии Ироқ озод шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дабири кулли Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ аз гурӯҳҳои зермаҷмуаи Созмони Ҳашдушшаъбӣ дар як номаи дохилӣ таъкид кард, ки силоҳи Муқовимат яке аз усули қонунӣ ва машрӯи динӣ аст.

Шабакаи Алмаёдин ба нақл аз дабири кулли Катоиби  Ҳизбуллоҳ овардааст: Силоҳи Муқовимат ҳаргиз таҳвил дода намешавад.

Яке аз неруҳои Катоиби  Ҳизбуллоҳ ҳам, ки ахиран тавассути неруҳои мубориза бо терроризми Ироқ боздошт шуда буданд, аз далели озодияшон дар асри имрӯз гуфт.

Ӯ дар гуфтугӯ бо шабакаи Алмаёдин гуфт: Қозӣ ба далели набуди далелҳо ва мадракҳои кофӣ, моро озод кард . Ин узви Катоиби  Ҳизбуллоҳи Ироқ дар шарҳи қазияи боздошташон таъкид кард: Мо ба маҳзи боздошт ба фурудгоҳи Бағдод мунтақил шудем.

Маҳмуд Ал-Рабиъӣ- сухангӯи Дафтари сиёсии фраксиюни Содиқун- шохаи сиёсии Ҷунбиши асоибулҳақ асри имрӯз аз озодии ҳамаи боздоштиҳои Катоиби  Ҳизбуллоҳ хабар дод.

Ал-Рабиъӣ дар Твиттер гуфт: Мо ба бародаронамон ва тарафдорони Ҳашдушшаъбӣ ва Муқовимат мужда медиҳем, ки бародаронатон дар типи 45-и Ҳашдушшаъбӣ, ки чанд рӯзи пеш боздошт шуданд пас аз исботи бутлони иддаоҳои мухарриб алайҳи онҳо бар асоси иқдомоти қонун ва қазоӣ озод шуданд.