Ҳушдори мақоми яманӣ: қатъи барқи бемористонҳои Яман фоҷеа меофаринад
Муовини вазири беҳдошти Яман вазъияти бемористонҳои ин кишварро дар сурати қатъи барқ ба далели камбуди сухт бисёр ногувор бешбинӣ кард.
Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ал-Масира, Али Ҷаҳоф муовини вазири беҳдошти Яман имрӯз дар нишасте дар пойтахти ин кишвар дар бораи паёмадҳои идомаи тавқифи киштиҳои ҳомили маҳсулоти нефтӣ ҳушдор дод.
Вай гуфт: "мо садҳо бемористон дорем, ки барқи онҳо ба сухт вобаста аст ва дар чанд рӯзи оянда чи басо таътил шаванд"
Ба гуфтаи Ҷаҳоф, дар аввалин дақиқаҳои қатъи барқ дар бемористонҳои Яман дастикам ҳазор мавриди фавт сабт хоҳад шуд.
Вай идома дод: ниёзи Яман ба оксиген дар сояи бемории ҳамагири Ковид-19 бештар шуда ва эътилофи мутаҷовизи арабӣ, Яманро вориди мавҷе аз бӯҳрон карда, ки мунҷар ба баста шудани корхонаҳои тавлиди оксиген шудааст.
Муовини вазири беҳдошти Яман ҳамчнин ҳушдор дод дар марокизи диалез дар ин кишвар ҷони се ҳазору 500 бемор вобаста ба диалез аст ва дар сурате, ки дастгоҳҳои диалез дар натиҷаи набуди сухт дар рӯзҳои оянда хомуш шавад, ин беморон хоҳанд мурд.
Бо инки киштиҳои ҳомили маҳсулотҳои нефтӣ муҷаввизи Созмони Миллали Муттаҳидро барои вуруд ба Бандари Ал-Ҳадидаи Яман доранд ва бозрасиҳои лозим анҷом шудааст, эътилофи саъудӣ дар чорчӯби эъмоли фишор бар Санъо, иҷозаи вуруди нефткашҳоро ба Яман намедиҳад.