Июл 03, 2020 21:33 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар идомаи посухи яманиҳо ба ҳамалоти Арабистон

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард, то замоне, ки таҷовуз ва муҳосираи Яман идома дошта бошад, ниҳодҳои низомӣ ва ҳокимияти эътилофи саудӣ мавриди ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи шабакаи “Алмасира”, Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман бо ишора ба ҷиноёти эътилофи саудӣ дар қиболи мардуми Яман гуфт, артиш ва нерӯҳои мардумии Яман аз ҳаққи қонунии худ барои дифоъ аз мардум ва кишварашон истифода хоҳанд кард.

Сареъ зарфиятҳои дифоии имрӯзи Яманро беҳтар аз гузашта унвон кард ва афзуд, артиш ва нерӯҳои яманӣ то кунун аз ҳамаи тавонмандии худ истифода накардаанд ва душман бояд ин мавзӯро дарк карда ва даст аз таҷовуз ва муҳосираи Яман бардорад.

Эътилофи мутаҷовизи Арабистони Саудӣ дар рӯзҳои ахир даҳҳо бор марокизи ҳаётӣ ва муҳими Яман дар шаҳри Санъо ва соири манотиқро ҳадафи ҳамалоти шадиди ҳавоии худ қарор додааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.