Эҳтимоли қарор гирифтани номи Бин Салмон дар рӯйхати муттаҳамони қатли Хошуқҷи
(last modified 2020-07-04T16:19:08+00:00 )
Июл 04, 2020 21:19 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли қарор гирифтани номи Бин Салмон дар рӯйхати муттаҳамони қатли Хошуқҷи

Гузоришгари Созмони Миллали Муттаҳид дар умури эъдомҳои хориҷ аз риволи қонунӣ, аз эҳтимоли изофа шудани номи Муҳаммад Бин Салмон, влиаҳди Арабистони саудӣ ба рӯйхати муттаҳамон дар парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷи хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Аним Каламар- гузоришгари Созмони Миллали Муттаҳид дар умури эъдомҳои хориҷ аз риволи қонунӣ гуфт: Пешбинӣ мешавад Додситонии Туркия рӯйхати дигаре аз муттаҳамон  дар қатли Ҷамол Хошуқҷиро таҳия кунад, ки шояд шомили валиаҳди саудӣ бошад.

Каламар афзуд: Дар нахустин рӯзи муҳокимаи қотилони Хошуқҷи дар Туркия, номи Муҳаммад Бин Салмонро камаш як бор яке аз шоҳидон зикр кард.

Нахустин ҷаласаи муҳокимаи ғиёбии 20 муттаҳам ба қатли Ҷамол Хошуқҷи- рӯзноманигори саудӣ рӯзи ҷумъа дар Истамбули Туркия оғоз шуд.

Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, дувуми октябри 2018 пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия нопадид шуд.

Мақомоти саудӣ пас аз ҳафтаҳо такзиб, дар ниҳоят эътироф карданд, ки ин рӯзноманигор дохили консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия ба қатл расидааст.

 

 

Барчасп