Анқара: Арабистон салоҳияти муҳокимаи қотилони Хошуқҷиро надорад
(last modified Mon, 06 Jul 2020 04:44:00 GMT )
Июл 06, 2020 09:44 Asia/Dushanbe
  • Анқара: Арабистон салоҳияти муҳокимаи қотилони Хошуқҷиро надорад

Мушовири раиси ҷумҳури Туркия таъкид кард: Арабистон салоҳияти муҳокимаи қотилони Ҷамол Хошуқҷи- рӯзноманигори мунтақиди саудиро надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ёсин Уктой- мушовири Раҷаб Тайиб Эрдуғон- раиси ҷумҳури Туркия рӯзи якшанбе ба думболи оғози муҳокимаи ғиёбии қотилони Ҷамол Хошуқҷи дар додгоҳи Истамбул, аз мақомоти саудӣ дар бораи чигунагии расидагии онҳо ба парвандаи қатли ин рӯзноманигори мунтақиди Оли саъуд интиқод кард.

Уктой афзуд: Омилони ин ҷиноят ва касоне, ки аз он ҳимоят карданд ҳамчунон ҳар рӯз муртакиби ҷиноят мешаванд ва ҳуқуқи инсонро дар дохил ва хориҷи Арабистон поймол мекунанд.

Вай монеатарошии мақомоти саудӣ барои боздиди масъулони Туркия аз консулгарии Арабистон дар Истамбул дар рӯзҳои пас аз вуқуи ҷиноятро маҳкум кард ва гуфт: Ин иқдом фурсате муносиб барои саудӣҳо буд то шавоҳид ва мадорикро поксозӣ кунанд.

Мушовири Эрдуғон ҳамчунин хотирнишон кард: Дастгоҳи қазоии Арабистон аз байни 20 муттаҳаме, ки додситонии Истамбул дастури боздошти онҳоро содир карда буд танҳо панҷ нафарро дар ин ҷиноят маҳкум кард ва додгоҳ пас аз он ки ҳукми эъдоми ин панҷ нафарро содир ва бақияро табраа кард, ҳукми эъдоми ин панҷ танро низ баъдан бекор кард.

Додгоҳи ғиёбии 20 муттаҳами қатли Ҷамол Хошуқҷи- рӯзноманигори мунтақиди саудӣ рӯзи ҷумъа дар Истамбули Туркия оғоз шуд.

Дар ин ҷаласаи додгоҳ Ёсин Уктой- мушовири Эрдуғон ба унвони шоҳид ҳузур дошт.

Вай ба нақши Саъуд Алқаҳтони- мушовири Девони подшоҳии саудӣ дар қатли Хошуқҷи ишора кард ва гуфт: Хошуқҷи гуфта буд, ки Ал-Қаҳтони бо таҳдиди яке аз фарзандонаш аз ӯ хоста буд ба падараш бигӯяд аз интиқод кардан аз хонадони саъуд даст бикашад.

Додситонии кулли Туркия барои афроди муттаҳам ба тарроҳӣ, ташвеқ ва анҷоми ин қатли ваҳшиёна, дархости ҳабси абад кардааст