Июл 08, 2020 17:38 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи Эрон ва Сурия дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ

Эрон ва Сурия дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ тавофуқ имзо карданд.

Алӣ Айюб, вазири дифои Сурия ва Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи густариши ҳамкориҳои низомӣ тавофуқ имзо карданд.

Ин тавофуқ бар густариши ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ дар заминаи фаъолияти нерӯҳои мусаллаҳ ва идомаи ҳамоҳангиҳо таъкид дорад.

Дар гуфтугӯи имрӯзи ду тараф, авзои Сурия ва зарурати хуруҷи нерӯҳои бегонаеро, ки ба сурати ғайриқонунӣ вориди ин кишвар шудаанд,баррасӣ шуд.

Алӣ Айюб дар ин хусус гуфт: “Агар давлати Амрико метавонист Эрон, Сурия ва меҳвари муқовиматро ба зону дар биоварад, як лаҳза ҳам диранг намекард.

Айюб дар идома гуфт: “Ҳарчанд ҳазинаи пойдорӣ болотар биравад, бо ин ҳол камтар аз ҳазинаи таслим шудан аст.

Вай ҳамчунин дар иртибот бо таҳрими Амрико алайҳи Сурия, мавсум ба “Сезар” гуфт: Қонуни “Сезар” бо суриҳо меҷангад, дар таҳияи хӯрок, дору ва ғизои кӯдаконашон. Талош мекунем бо табаоти ин қонун муқобила кунем.

Вазири дифои Сурия таъкид кард: Исроил шарики қави [Амрико] дар ҷанг алайҳи Сурия аст. Гурӯҳҳои террористӣ бахше аз таҷовузоти исроилиҳо ҳастанд.

Дар муқобил, сарлашкар Боқирӣ гуфт: Сомонаҳои падофанди ҳавоии Сурияро дар ростои таҳкими ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишвар, тақвият хоҳем кард.

Сарлашкар Боқирӣ ҳамчунин гуфт: Туркия каме дар иҷрои тааҳҳудоти худ дар қиболи тафоҳумоти суратгирифта дар Остона, дар хусуси хориҷ кардани гуруҳҳои террористӣ аз Сурия таъхир доштааст.

Муҳаммади Боқирӣ афзуд: Туркия бояд бидонад, ки ҳалли мушкилоти амниятияш аз тариқи музокира ва эҷоди тафоҳум бо тарафи сурӣ сурат мегирад ва на аз тариқи ҳузури низомӣ дар хоки Сурия.

Сарлашкар Боқирӣ ҳамчунин таъкид кард, мардум ва кишварҳои минтақа аз ҳузури Амрико истиқбол намекунанд ва посухи мо ба ёвагӯиҳои Амрико идома дорад.