Июл 12, 2020 18:17 Asia/Dushanbe
  • Муқовимат, қудрате боздоранда дар баробари режими саҳюнистӣ

Мақомоти лубнонӣ таъкид карданд, "Ҳизбуллоҳ" имрӯз ба қудрате боздоранда дар баробари режими саҳюнистӣ табдил шудааст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи "Аннашра", намояндаи Парлумони Лубнон бо ишора ба солрӯзи ҷанги 33-рӯзаи режими саҳюнистӣ бо нерӯҳри "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон гуфт:

"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон имрӯз қавитар аз замони ҷанги 33-рӯза аст.

Ӯ бо баёни ин, ки қудрати боздорандагӣ, ки муқовимат эҷод кардааст, монеъ аз ҳар гуна юриши режими саҳюнистӣ ба Лубнон мешавад, афзуд:

Муқовимат тавони ҷанги фарогир ва густурда бо режими саҳюнистиро дорад.

 

Барчасп