Июл 13, 2020 10:29 Asia/Dushanbe
  • Cозмони Миллали Муттаҳид: Бин Салмон мазнуни аслии қатли Хошуқҷӣ аст

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури эъдомҳои хориҷ аз чорчуби қазоӣ, валиаҳди Арабистони саудиро мазнуни аслии парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ муаррифӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Агнес Калламард рӯзи якшанбе гуфт: Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди Арабистон дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дахолат доштааст. 

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчунин дар бораи расидагӣ ба парвандаи қатли Хошуқҷӣ дар Туркия гуфт: Расидагӣ ба ин парванда дар дастгоҳи қазоии Туркия дар ғиёби мазнун ё мазнунон пайгирӣ мешавад чаро, ки Арабистони саудӣ иҷоза намедиҳад муттаҳамони ин парванда дар Туркия муҳокима шаванд. 

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дувуми октябри 2018 дар консулгарии Арабистон дар Истамбул ба тарзи фаҷеъе ба дасти маъмурони эъзомшуда аз Риёз ба қатл расид.  

Хошуқҷӣ дар рӯйхати афроди боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими саудӣ қарор дошт ва аз тарси боздошт шудан дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.