Июл 15, 2020 14:55 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудиятҳои нави режими саҳюнистӣ барои асирони зани фаластинӣ

Ҳайати расидагӣ ба умури асирон ва озодагони Фаластин аз маҳдудиятҳои нави режими саҳюнистӣ барои мулоқот бо асирони зани фаластинӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизионии Алмаёдин, ҳайати расидагӣ ба умури асирон ва озодагони Фаластин дар баёнияе эълом кард: Бар асоси дастури идораи зиндонҳои режими саҳюнистӣ мулоқот бо асирони зани фаластинии аҳли шаҳри Қудс моҳе як бор, мулоқот бо асирони аҳли Қаронаи Бохтарӣ ду моҳ як бор ва мулоқот бо дигар боздоштшудагон ҳафтае як бор анҷом хоҳад шуд.

Ҳудуди 4 ҳазору 800 асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ дар ҳабс ҳастанд, ки дар ҷамъи онҳо 170 кӯдак, 39 зан ва даҳҳо куҳансол дида мешавад.

Бархе аз ин асирон ба КОВИД-19 гирифтор шудаанд, аммо режими саҳюнистӣ аз дармони онҳо худдорӣ мекунад.

 

Барчасп