Гуруҳҳои фаластинӣ: Гугл ва Апел аз режими саҳюнистӣ ҷонибдорӣ мекунанд
Гуруҳҳои муборизи фаластинӣ эълом карданд, ки иқдоми Гугл ва Апел дар ҳазфи номи Фаластин аз нақшаҳои байналмиллалӣ, ҷонибдорӣ аз режими ишғолгари Исроил аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар баёнияе эълом кард, иқдоми ду ширкати амрикоии Гугл ва Апел ба ҳазфи Фаластин аз нақшаҳои байналмиллалӣ, «поймолкунандаи ҳаққу адолат ва ҷонибдорӣ аз режими ишғолгар ва нажодпарасти саҳюнистӣ» аст.
Ҷиҳоди исломӣ афзуд: Чунин иқдоме воқеиятро тағйир намедиҳад, Фаластин дар ёду қалби миллатҳо ва умматҳо боқӣ аст ва реша давонда ва бо ин иқдоми пучу риёкорона маҳв намешавад.
Пеш аз ин низ Ҳамос дар баёнияе таъкид кард, иқдоми Гугл ва Апел ҷонибдорӣ аз ривояти режими ишғолгари саҳюнистӣ ва инкори ҳақиқатҳои таърихӣ маҳсуб мешавад.
Сухангӯи Ҳамос изҳор дошт, ҳазфи номи кишвари Фаластин аз нақшаҳои байналмиллалӣ, ишғолгаронро ба идома додан ба поймолсозии қавонин ва тасмимоти байналмиллалӣ ташвиқ хоҳад кард.
Дар соли 2016 нахустин бор мавҷе алайҳи иқдоми Гугл дар ҳазфи номи Фаластин аз рӯйи нақшаи ҷаҳонӣ дар фазои маҷозӣ ба роҳ афтод, аммо Гугл эълом кард, ки ҳаргиз номи Фаластин дар нақша вуҷуд надошта, ки бихоҳад ҳазф шавад.
Бо гузашти чаҳор сол бори дигар мавҷе дар шабакаи иҷтимоии Твиттер ба роҳ афтода ва корбарони Твиттер бо интишори тасовире аз ҷустуҷӯи Фаластин дар нақшаи Гугл, ки натиҷае ба даст намедиҳад, аз ду ширкати амрикоии Гугл ва Апел интиқод ва аз Фаластин ҳимоят карданд.