Июл 19, 2020 09:59 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи парлумонии Сурия оғоз шуд

Севумин давраи интихоботи парлумони дар Сурия баъд аз ислоҳи қонуни асосии ин кишвар аз субҳи якшанбе 19 июл дар 14 вилояти Сурия оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар ин давра аз интихобот, ки соати 7 субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд ва то соати 19 идома хоҳад дошт 7 ҳазору 400 ҳавзаи интихоботӣ  дар 14 вилояти Сурия  барои интихоби 250 намояндаи маҷлис фаъол аст.

Ҳазору 656 номзад дар 14 вилоят номзади намояндагии Маҷлиси Сурия шудаанд.

Ин интихобот, ки ба далели шуйюи корона ду бор ба таъхир афтода буд имрӯз бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ барои муқобила бо корона ва ҷилавгирӣ аз шуйюи он анҷом мешавад.

Сурия дорои 26 миллион нафар ҷамъият аст ва вилоятҳои Димишқ, Ҳалаб ва Ҳамас бештарин намояндаро дар маҷлиси ин кишвар доранд.

Интихоботи баъдии Сурия, ки барои таъйини раиси ҷумҳур аст қарор аст соли 2021 дар саросари ин кишвар баргузор шавад.

 

Барчасп