Дуздида шудани осори бостонии фаластинӣ тавассути режими саҳюнистӣ
Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) бо интишори филме аз сирқати осори бостонии фаластинӣ тавассути режими саҳюнистӣ, ин иқдомро ҷинояти ҷангӣ хонда ва маҳкум кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, Ҳанон Ашровӣ, узви Кумитаи иҷроии СОФ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳояш аз ҷумла Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) хост ба мсъулияти худ амал карда ва аз мироси Фаластин ҳифозат кунад.
Вай дар баёнияе сирқати "Ҳавзулъимод", асаре бостонӣ дар шаҳраки Тақуъ дар вилояти Байтулаҳм тавассути неруҳои исроилиро маҳкум кард. Ин асар ба давраи императории Бизанс бармегардад ва рӯи он нақшҳо ва навиштаҳои қадимӣ ва салибҳои ҳаккокишуда нақш бастааст.
Ашровӣ гуфт, ин иқдомот дар чорчуби сиёсати режими саҳюнистӣ барои ғоратҳои систематик қарор дорад ва баёнгари рӯйкарди зӯргӯёна, ғорат ва сирқати ин режим аст.
Вай таъкид кард, режими саҳюнистӣ бо контроли ғайриқонунӣ бар маконҳои бостонӣ, осори бостонӣ ва сирқати онҳо ба шакли барномарезишуда барои нобудии мавҷудияти Фаластин ва маҳви таърих, тамаддун ва ҳувияти миллати Фаластин талош мекунад. Ин иқдомот ҷинояти ҷангӣ аст ва набояд бидуни муҷозот боқӣ бимонад.