Вокуниши гурӯҳҳои муқовимат ба роҳзании ҳавоии Амрико
Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин тааррузи ду ҷангандаи амрикоӣ ба ҳавопаймои мусофирбарии эрониро маҳкум карданд.
Ду фарванд ҷангандаи амрикоӣ барои ҳавопаймои мусофирбарии Эрон, ки аз фурудгоҳи байналмилалии имом Хумайнӣ (раҳ) озими Бейрут буд, дар осмони Сурия эҷоди музоҳимат карданд, ки ин иқдом муҷиби осеб ба бархе аз мусофирони ин парвоз шуд.
Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин имрӯз - ҷумъа дар баёнияе эълом кард, ин ҳодисаи террористӣ баёнгари нияти душманонаи Амрико ва нақши ин кишвар дар ба хатар андохтани амнияти минтақа аст.
Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин тасреҳ кард, ҳаққи Эрон дар иттихози тасмимот ва тадобир барои вокуниш ба ин талоши террористии Амрико маҳфуз аст.
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) низ дар баёнияе, иқдоми ҷангандаҳои амрикоӣ дар эҷоди музоҳимат барои ҳавопаймои мусофирбарии эронӣ ва ба хатар андохтани ҷони мусофиронашро маҳкум кард.
ҲАМОС ин иқдоми Амрикоро нишотгирифта аз хӯи ёғигароёна ва намоде аз иҷрои мафҳуми терроризми байналмилалӣ унвон кард.
ҲАМОС таҷовузи Амрикоро дар чорчӯби хидмат ба тарҳи саҳюнистӣ дар минтақа ва барои осеб расонидан ба манофеи милали он донист ва ҳамсуӣ ва бакоргирии тамоми тавонмандиҳо барои муқобила бо ин тарҳро хостор шуд.