Июл 25, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости Фаластин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои озодии устондори Қудс

Вазорати хориҷаи Фаластин аз тарафҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хост, мақомоти режими саҳюнистиро барои озодии устондори Қудси ишғолӣ таҳти фишор қарор диҳанд.

Вазорати хориҷаи Фаластин рӯзи ҷумъа эълом кард, ки ба ҳамаи сафоратхонаҳои Фаластин дар саросари ҷаҳон бахшнома фиристода, ки аз кишвари мизбон бихоҳанд, як мавзеи байналмилалӣ иттихоз ва барои озодии Аднон Ғайс, устондори Қудс, режими саҳюнистиро таҳти фишор қарор диҳанд.

Вазорати хориҷаи Фаластин боздошти устондори Қудсро бахше аз иқдомоти режими саҳюнистӣ барои яҳудисозии Қудс ва ҳамла ба моҳияти миллӣ ва инсонии Фаластин дар ин шаҳр донист.

 

Барчасп