Ҳукми Девони байналмилалии додгустарӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани ҳузури Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ
(last modified 2024-07-20T06:38:37+00:00 )
Июл 20, 2024 11:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми Девони байналмилалии додгустарӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани ҳузури Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ

Девони байналмилалии додгустарӣ ҳузури Исроил дар сарзаминҳои ишғолии Фаластинро ғайриқонунӣ эълом кард.

 Ба гузориши Асошейтед пррес, Девони байналмилалии додгустарӣ муташаккил аз 15 қозӣ аз саросари ҷаҳон имрӯз (ҷумъа) дар баёнияе бо ишора ба сохт ва тавсеаи шаҳракҳои исроилӣ дар Каронаи бохтарӣ ва Байтулмуқаддаси шарқӣ, ҳузури режими саҳюнистиро дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, «ғайриқонунӣ» хонд ва поёни онро хостор шуд.

 Дар ин баёния омадааст, Исроил бо иҷрои сиёсатҳои илҳоқ(пайваст)и сарзамин, таҳмили контроли доимӣ ва шаҳраксозӣ аз мавқеияти худ ба унвони як қудрати ишғолгар дар Каронаи бохтарӣ ва шарқи Байтулмуқаддас суистифода кардааст.

 Девони байналмилалии додгустарӣ дар ин баёния таъкид кард, режими саҳюнистӣ бояд фавран ба шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ поён диҳад.

 Дар баёнияи мунташиршуда аз сӯи ин додгоҳ омадааст, тибқи ҳукми ин додгоҳ «интиқоли шаҳракнишинон тавассути Исроил ба Каронаи бохтарӣ ва Байтулмуқаддас ва ҳамчунин ҳифзи ҳузури онҳо аз сӯи Исроил, дар таззод бо модаи 49 Конвенсиони чаҳоруми Женева аст.

 Додгоҳи олии Созмони Милал бо ибрози «нигаронии шадид» аз густариши сиёсати шаҳраксозии Исроил, таъкид кард: Истифодаи режими саҳюнистӣ аз манобеъи табиӣ бо уҳдадориҳояш таҳти қонунҳои байналмилалӣ ба унвони як қудрати ишғолгар «носозгор» аст.

 Ин ҳукм дар ҳоле содир мешавад, ки додгоҳи байналмилалии додгустарӣ дар пайи ҳамлаҳои низомии вайронгари 10 моҳаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза, дар як парвандаи дигар, иттиҳоми матраҳшуда аз сӯи Африқои ҷанубӣ дар бораи наслкушӣ дар Ғазза тавассути режими саҳюнистиро баррасӣ мекунад.

 Режими саҳюнистӣ наздик ба 10 моҳ куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ба роҳ андохта ва зимни бастани тамом гузаргоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз вуруди кумакҳои имдодӣ, ин минтақаро ба як вайрона табдил кардааст.

 Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза дар тозатарин гузориши худ эълом кард, шумори шаҳидони Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 ва ҳамзамон бо оғози амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо то кунун ба 38 ҳазору 848 нафар ва шумори маҷрӯҳон ҳам ба 89 ҳазору 459 нафар расидааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп