Июл 29, 2020 10:24 Asia/Dushanbe
  • Оғози маносики ҳаҷ дар Арабистон таҳти тадбирҳои беҳдоштӣ

Зоирони Байтуллоҳулҳаром баргузории маносики ҳаҷро таҳти тадбирҳои шадиди беҳдоштӣ, ки вазоратхонаҳои "беҳдошт" ва "ҳаҷу ва умра "-и Арабистони саудӣ барои пешгирӣ аз шуйюи вируси корона дар байни ҳоҷиён таъйин кардааст, оғоз карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, нахустин бор дар таърихи ҳаҷ, ҳамаи ҳоҷиён фақат дар як макон муҳрим ва ба маносики ҳаҷ ворид мешаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба шуйюи вируси корона, теъдоди ҳоҷиён нисбат ба солҳои гузашта бисёр андак аст ва ба 10 ҳазор нафар мерасад, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Арабистон ё хориҷиҳои муқими Арабистон ҳастанд.

Бар асоси эъломи мақомоти Арабистони саудӣ, зоирон фардо (нуҳуми моҳи зулҳаҷҷа маъруф ба рӯзи арафа) аз Мино ба арафот мераванд то муҳимтарин бахш аз ойинҳои ҳаҷро баргузор кунанд.

Дар маросими Мино ва арафот зоирон ҳама бояд ниқоби тиббӣ дошта бошанд ва якуним метр фосилаи иҷтимоиро риоят кунанд.

Соли гузашта 2 миллиону 500 ҳазор нафар дар маросими ҳаҷ ширкат карда буданд.

Мутобиқи охирин оморҳо то кунун ҳудуди 271 ҳазор нафар дар Арабистони саудӣ ба корона мубтало шудаанд, ки ҳудуди 2 ҳазору 800 нафар аз онон фавт кардаанд.

 

Барчасп