Август 02, 2020 18:07 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми як паҳподи америкоӣ тавассути артиши Яман

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз инҳидоми як фарванд паҳподи ҷосусии америкоӣ наздики марзи Арабистон хабар дод.

Ба гузориши шабакаи Ал-Масира, Яҳё Сареъ Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман  имрӯз (якшанбе) эълом кард: падофанди ҳавоии артиши Яман тавонист як фарванди паҳподи чосусӣ аз наъи ORG-20-ро дар фарози осмони минтақаи "Ҳарз" наздики марзи Арабистон мунҳадим кунад.

Чанде пеш низ падофанди ҳавоии артиш ва кометаҳои мардумии Яман, як фарванди паҳподи ҷосусии эътилофи саъудиро дар остони "Саъда" шимоли Яман сарнагун карданд.

Арабистон бо ҳимояти Америка, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷир шудааст.

Барчасп