Август 03, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
  • Интишори санадҳои махфӣ ва ифшои талоши Риёз барои тақсими Яман

Санадҳои махфие, ки шабакаи Алҷазираи Қатар мунташир карда аст, нишон медиҳад,ки Арабистони саудӣ бархилофи иддаои ҳимоят аз ваҳдати Яман, аз соли 2011 барои тақсими ин кишвар талош мекардааст.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, шабакаи қатарии Алҷазира 162 саҳифа санади маҳрамона мунташир кард, ки нишон медиҳад роҳбурди Арабистони саудӣ дар Яман ҳамвора бар пояи тақсими ин кишвар аз тариқи ҳимоят аз тарафҳои хос ва на давлати Яман устувор буда, то аз ин тарафҳо ба унвони воситаи фишор ва нуфузи Риёз дар Яман истифода шавад.

Бар асоси  санадҳое, ки Алҷазира мунташир кардааст, Арабистони саудӣ ҷудоии ҷануби Яманро яке аз гузинаҳои асосӣ барои ҳалли ончи «масъалаи Ҷануб» мехонда, дар назар дошта ва дар талош буда, ки аз вазъияти ҷануби Яман ва эътирозот дар он дар ҷиҳати манфиъатҳои худ баҳрабардорӣ кунад.

 Ин санадҳо ҳамчунин нишон медиҳад, ки Арабистони саудӣ дастури ҷосусӣ аз бархе нишастҳо дар ҷануби Яманро, ки бо назорати байналмиллалӣ баргузор мешуд, дода буда ва бархе ҳозирон дар ин нишастҳоро барои таҳияи гузоришҳое дар ҳамин замина ба хидмат гирифтааст.

 Алҷазира ҳамчунин муддаӣ шудааст: Риёз аз таҳаррукоти ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ду сол қабл аз тасаллути ин ҷунбиш бар Санъо дар соли 2014 огоҳ буда, аммо бо вуҷуди ҳушдори созмони иттилооти Саудӣ коре дар ин хусус анҷом надода аст, то баҳонае барои ҳамла ба Яман, нобудии давлати он ва низ мудохилаи низомии мустақим дошта бошад.

 Бар асоси ин гузориш, Риёз маблағҳои ҳангуфте ба бархе сарони қабилаҳои Яман пардохт мекарда аст, то тарҳҳо ва амалиётҳоеро ба нафъи Саудӣ иҷро кунанд.

 

Барчасп