Август 05, 2020 07:50 Asia/Dushanbe
  • Кумакхоҳии Лубнон аз кишварҳои дӯст

Нахуствазири Лубнон сешанбешаб дар суханроние пас аз таркиши маргбор дар бандари Бейрут аз ҳамаи кишварҳои дӯст ва бародар дархости кумак кард.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алмаёдин, Ҳасан Даёб гуфт: Лубнон бо як мусибат рӯбарӯ шудааст ва танҳо бо азму иттиҳоди лубнониҳо метавон аз ин фоҷиа убур кард.

Вай гуфт: Пеш аз такмил шудани таҳқиқот ҳеҷгуна гумоназание нахоҳад кард, аммо таъкид кард касоне, ки масъули ин фоҷиа буданд ҳатман муҷозот хоҳанд шуд ва баҳои онро хоҳанд пардохт.

Бино бар охирин гузоришҳо, бар асари таркиши ҳавлноки асри сешанбе дар бандари Бейрути Лубнон камаш 50 нафар кушта ва ҳудуди се ҳазор нафар дигар захмӣ шуданд.

Иллати ин таркиш сӯхтор дар анбори нитрати омуниум эълом шудааст.

Дар Лубнон рӯзи чаҳоршанбе азои умумӣ аст.

Барчасп