Август 05, 2020 09:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳ лубнониҳоро ба ҳамбастагӣ даъват кард

Пас аз таркиши шадиди Бейрут, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо интишори баёнияе лубнониҳоро ба ҳамбастагӣ дар ин мусибат фарохонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷунбиши Ҳизбуллоҳ дар баёнияе, ки шомгоҳи сешанбе мунташир кард ҳамаи миллати Лубнон, ҷараёнҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои мухталифи ин кишварро ба ваҳдат даъват кард.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид шудааст, ки ин ҳизби лубнонӣ бо ҳамаи имконоти худ барои муқобила бо мусибати рухдода вориди амал хоҳад шуд.

Ҳизбуллоҳ барои бозмондагони ҳодисаи таркиш дар бандари Бейрут сабр талаб кард ва талоши неруҳои имдоду наҷоти Лубнонро дар ёрӣ ба осебдидагон, сутуд.

Дар ҳамин ҳол бомдоди чаҳоршанбе эълом шуд суханронии Саидҳасани Насруллоҳ- дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки қарор буд рӯзи чаҳоршанбе эрод шавад ба далели таркиш дар Бейрут ба замони дигаре афтод.

Дар паи таркиши маҳиб дар анбори рақами 12-и бандари Бейрут, ки маҳалли нигаҳдории нитрати омуниюм буд то кунун камаш 70 нафар кушта ва ҳазорон тан захмӣ шудаанд.

 

Барчасп