Август 05, 2020 11:28 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани даҳҳо корманди Созмони Миллали Муттаҳид дар Бейрут

Муовини сухангӯи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бомдоди чаҳоршанбе эълом кард, ки дар таркиши Бейрут 48 нафар аз коркунони ин созмон захмӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Фарҳон Ҳақ афзуд: Ҳамчунин 27 нафар аз аъзои хонаводаи коркунони Созмони Миллали Муттаҳид ва се нафар, ки ба дидори онҳо рафта буданд низ дар ин таркиш захмӣ шуданд.

Пештар Андрия Тенети- сухангӯи расмии неруҳои Юнифил дар баёнияе эълом карда буд, ки дар натиҷаи таркиши маҳиби асри сешанбе дар Бейрут, яке аз киштиҳои Юнифил дар ин бандар осеб дида ва шуморе аз неруҳои ҳофизи сулҳ низ захмӣ шудаанд, ки ҳоли бархе аз онҳо вахим аст.

Ҳамчунин мақомҳои нидерландӣ эълом карданд, ки панҷ корманди сафорати ин кишвар дар Бейрут бар асари таркиши асри сешанбеи ин шаҳр захмӣ шуданд.

Хабаргузории Фаронса низ пеш аз ин гузориш дода буд шуморе аз коркунони сафорати Олмон дар Бейрут захмӣ шуданд.

Сафорати Қазоқистон дар Лубнон низ эълом кард, ки дар паи таркиш дар бандари Бейрут, сафири ин кишвар захмӣ шуд ва ба бахше аз сохтмони сафорат низ осеб расид.

Асри рӯзи сешанбе дар паи таркиши шадиди як анбори нитрати омуниюм дар бандари Бейрут  камаш 100 нафар кушта ва беш аз 4 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

Шурои олии дифои Лубнон бомдоди чаҳоршанбе дар ҷаласаи фавқулъодаи худ ба раёсати Мишел Ун- раиси ҷумҳур се рӯз азои умумӣ, ду ҳафта ҳолати фавқулъода ва таътили идороти давлатиро дар ин кишвар эълом кард.

 

Барчасп