Август 08, 2020 17:43 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии омили куштори 150 ироқӣ

Созмони иттилооти Ироқ аз дастгирии террористи омили куштори 150 ироқӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Созмони иттилооти Ироқ ҷумъашаб дар баёнияе эълом кард: Террористе, ки худрави бомбагузоришудаеро дар бозори шаҳри «Хон банӣ Саъд» дар ҷануби вилояти Диёла тарконд ва ҷони 150 танро гирифт дастгир шуд.

Бар асоси ин баёния, ин террорист ба иртикоби ҷурм эътироф карда ва барои такмили таҳқиқот дар ихтиёри дастгоҳи қазоии Ироқ гирифтааст.

Соли 2018 шикасти комили ДОИШ дар Ироқ ва ҳифзи тамомияти арзии ин кишвар эълом шуд, бо ин ҳол ҳамаи унсурҳои гуруҳи террористии ДОИШ дар Ироқ кушта ва ё аз ин кишвар хориҷ нашуданд балки бархе аз унсурҳои ин гуруҳ дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар боқӣ монда ва дар интизори фурсат ҳастанд то бори дигар фаъолияти худро дар Ироқ аз сар гиранд.

 

Барчасп