Боздошти19 фард дар иртибот бо инфиҷори Бейрут
Додситони кулли додгоҳи фарҷомхоҳии Лубнон аз боздошти 19 фард дар парвандаи инфиҷори бандари Бейрут хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ал-Маёдин, қозӣ Муниф Увайдот додситони кулли додгоҳи фарҷомхоҳии Лубнон имрӯз сешанбе бо интишори баёнияе эълом кард таҳқиқот дар се меҳвари иллатҳои мустақим ва ғайр мустақими инфиҷор, масъулиятҳо ва қазияи киштӣ ҳамчунон идома дорад.
Вай афзуд: то кунун 19 нафар дар иртибот бо парвандаи инфиҷор бандари Бейрут боздошт шудаанд.
Додситони кулли додгоҳи фарҷомхоҳии Лубнон таъкид кард таҳқиқоти парвандаи инфиҷори бандари Бейрут ба равиши илмӣ анҷом мешавад.
Чаҳоруми август дар пайи оташсӯзии густурда дар яке аз анборҳои маводи оташзо дар бандари Бейрут, инфиҷори маҳибе дар анборҳои муҷовир он, ки ҳовии ду ҳазор ва 700 тонна нитрат омуниум буд рух дод.