Август 19, 2020 09:27 Asia/Dushanbe
  • Раъйи додгоҳи Рафиқ Ҳарирӣ: Шикасти бузурги мухолифони Ҳизбуллоҳ  

Додгоҳи байналмилалии вижаи террори Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи Лубнон, пас аз 11 сол ҳукми худро эълом ва даст доштани Сурия ва Ҳизбуллоҳи Лубнонро дар ин террор рад кард.

Террори Рафиқ Ҳарирӣ 14 феврали 2005 анҷом шуд. Нахуствазири собиқи Лубнон ба ҳамроҳи 21 нафари дигар дар ин амалиёт ҷон бохтанд. Дар ҳоле, ки мухолифони дохилӣ ва хориҷӣ Ҳизбуллоҳи Лубнон, Сурия ва Ҳизбуллоҳро ба даст доштан дар ин террор муттаҳам мекарданд, ҳам Ҳизбуллоҳ ва ҳам Сурия борҳо ҳар гуна дахолат дар ин ҷиноятро рад карданд.

Созмони Милали Муттаҳид барои нахустин бор додгоҳи байналмилалиро дар шаҳри Гаагаи Нидерланд барои расидагӣ ба як амалиёти террористӣ ташкил дод. Додгоҳи байналмилалии вижаи террори Рафиқ Ҳарирӣ дар соли 2009 ташкил шуд. Бино бар ин, ҳукме, ки додгоҳ рӯзи гузашта (18 август) содир кард, пас аз 11 сол баррасӣ ва таҳқиқ содир шуд. Ба лиҳози шаклӣ, ин додгоҳ бо шунуди телефонҳои пеш аз террори Ҳарирӣ, гуфтугӯ бо 297 шоҳиди ин парванда ва ташкили як парвандаи 2600 сафҳаӣ, фаъолияти худро анҷом дод, ки нишон медиҳад иқдомҳои ҷомеъӣ аз замони оғози то судури ҳукми додгоҳ анҷом шуд.

Ба лиҳози натиҷаи додгоҳ, ин ҳукм аз ду ҷиҳат аҳаммият дорад:

Нахустин далели аҳаммият ин аст, ки бо вуҷуди иддаоҳо ва иттиҳомоти беасоси аввалия, таҳқиқоти 11 солаи додгоҳ, ҳаққонияти Ҳизбуллоҳро собит кард. Ҳукми додгоҳ натанҳо созмони Ҳизбуллоҳро аз дахолат дар ин террор табраа кард, балки 4 узви онро низ табраа кард. Илова бар ин David Ray, қозии додгоҳи байналмилалии вижаи террори Ҳарирӣ эълом кард: «Саидҳасан Насруллоҳ ва Рафиқ Ҳарирӣ, равобити хубе бо якдигар доштаанд.» Ин нишон медиҳад додгоҳ ҳатто ба ҷузъиёт низ тамаркуз кардааст.

Дувумин далели аҳаммияти додгоҳ, табрааи Сурия аз дахолат дар ин ҷиноят аст, мавзӯе, ки сареҳан дар ҳукми содира, эълом шуд. Ин Дар ҳоле аст, ки ҷараёни ғарбгаро дар дохили Лубнон ва дар сатҳи минтақа фишори зиёде ба Сурия дар хусуси террори Рафиқ Ҳарирӣ ворид карданд ва Сурия низ ҳудуди 14 ҳазор низомии худро аз Лубнон таҳти ин фишорҳо хориҷ кард. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳукм, Аҳмад ал Казбирӣ, узви Маҷлиси намояндагони Сурия гуфт: «сиёсатмадорони Лубнон бояд ба хотири иттиҳомоти ҷаълӣ, аз давлати Сурия ва мардуми ин кишвар узрхоҳӣ кунанд.»

Аммо ин ҳукм ду нуктаи мубҳам низ дорад, ки бояд абъоди он мушаххас шавад:

Нуктаи нахуст ин аст, ки David Ray, қозии додгоҳ сареҳан эълом кард, террори Ҳарирӣ амалиёти террористӣ буда, ки барои аҳдофи сиёсӣ анҷом шудааст. Бо ин ҳол, мушаххас нест, ки чӣ касоне ва чӣ гурӯҳҳое ва ё ҳатто чӣ бозигарони хориҷӣ аҳдофи сиёсии худро дар Лубнон ё ҳатто минтақаи ғарби Осиё аз тариқи террори Рафиқ Ҳарирӣ, ки 10 соли нахуствазири и Лубнонро бар ӯҳда дошта, пайгирӣ мекарданд. Рафиқ Ҳарирӣ байни солҳои 1992 то 1998 ва ҳамчин 2000 то 2004 нахуствазири Лубнон буд.

Нуктаи мубҳами дигар ин аст, ки чаро додгоҳ сирфан дар баррасии ин парванда, иттиҳомот алайҳи аъзои Ҳизбуллоҳи Лубнонро баррасӣ карда ва ҳозир нашуд дархости Ҳизбуллоҳро барои баррасии нақши эҳтимолии режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ин террор баррасӣ кунад. Ҳизбуллоҳи Лубнон зимни инки иттиҳомоти матраҳ шуда алайҳи худ дар ин террорро рада карда буд, далоиле ироа кард, ки аз даст доштани режими саҳюнистӣ дар ин террор ҳикоят дорад, аммо ин далоил ҳаргиз дар додгоҳ баррасӣ нашуд.

Нуктаи поёни инки бо вуҷуди радди даст доштани Ҳизбуллоҳ дар террори Рафиқ Ҳарирӣ, мухолифони муқовимат ҳамчунон бо манёври бар номи «Салим Аёш», ҳаҷма алайҳи Ҳизбуллоҳро ҳифз карда ва идома медиҳанд, дар ҳоле, ки қозии додгоҳи байналмилалии террори Рафиқ Ҳарирӣ эълом кард, «матни тамосҳои баррасӣ шуда ба кашфи гурӯҳаке, ки пушти пардаи ин террор буд, мунҷар шуд.» Ҳадафи тадовуми ин ҳаҷмаҳо низ ба шароити кунунии Лубнон ва баҳрагирӣ аз он барои ташкили давлате бидуни мушорикати Ҳизбуллоҳ аст.

 

Барчасп