Маҳмуд Аббос: Аморот аз пушт ба мо ханҷар зад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i56656-Маҳмуд_Аббос_Аморот_аз_пушт_ба_мо_ханҷар_зад
Раиси ташкилоти худгардони Фаластин иқдоми Аморот дар оддисозии равобит бо режими ишғолгари Қудсро "ханҷар аз пушт" донист ва гуфт, ки тавҷеҳ кардани ин иқдом , найранг ва дурӯғи бузурге аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 19, 2020 10:43 Asia/Dushanbe
  • Маҳмуд Аббос: Аморот аз пушт ба мо ханҷар зад

Раиси ташкилоти худгардони Фаластин иқдоми Аморот дар оддисозии равобит бо режими ишғолгари Қудсро "ханҷар аз пушт" донист ва гуфт, ки тавҷеҳ кардани ин иқдом , найранг ва дурӯғи бузурге аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, «Маҳмуд Аббос» раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар идомаи мавозеи худ дар қиболи тавофуқи зидди фаластинии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ  ва режими саҳюнистӣ гуфт, ки Абу-Дабӣ бо ин иқдоми худ аз пушт ба ормони Фаластин ханҷар зад. 
 
 Аббос шомгоҳи сешанбе дар ибтидои нишасти раҳбарони Фаластин дар «Ромуллоҳ» таъкид кард: «фақат мо [Фаластиниҳо] ҳастем, ки метавонем ба намояндагӣ аз фаластинён сухан бигӯем ва ин мо ҳастем, ки метавонем ба ниёбат, ормони Фаластинро имзо кунем на каси дигаре». 
 
 Раиси ташкилоти худгардон афзуд: «мавзеи мо дар қиболи ҳар кишваре, ки дар масири Аморот гом бардорад, тағйир пайдо хоҳад кард.» 
 
 Маҳмуд Аббос бо баёни ин, ки «Қудс аз изҳони арабӣ фаромӯш шудааст » ба ҳама кишварҳое, ки дар муқобил тарҳҳои зидди фаластинӣ, аз ҷумла «муомилаи қарн» ва тарҳи ишғоли «илҳоқи Каронаи бохтарӣ» дар канори мардуми Фаластин истоданд, дуруд фиристод ва аз онҳо таҷлил кард. 
 
 Панҷшанбеи гузашта Амороти Муттаҳидаи Араб ва режими  саҳюнистӣ бар сари оддисозии равобити байни худ ба тавофуқ расиданд ва Муҳаммад Ибни Зоид, валиаҳди Абу-Дабӣ муддаӣ шуд, ки бо ин тавофуқ, тарҳи ишғоли "илҳоқи Каронаи Бохтарӣ" мутаваққиф шудааст . Қарор аст мақомоти аршади саҳюнист ва Аморот дар Кохи сафеди Амрико, ин тавофуқро дар оянда имзо кунанд.