Август 21, 2020 21:01 Asia/Dushanbe
  • ДОИШ, масъули кушта шудани генерали рус дар Сурия

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти ҳамла ба неруҳои гаштзании Русия дар ҳумаи Дируззури Сурияро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ской- Ниюзи арабӣ, ДОИШ бо интишори паёме дар Инстаграм масъулияти ҳамла ба неруҳои гаштии Русия дар ҳумаи Дируззур ва куштани як сарлашкари русиро бар уҳда гирифт.

Тибқи эъломи ДОИШ, неруҳои гаштии Русия вориди майдони мина дар шарқи шаҳри Ассахна дар шарқи Сурия шуданд, ки таркиши як бомб мунҷар ба кушта шудани як генерал ва маҷрӯҳ шудани ду афсари дигар шуд.

Дар баёнияи ДОИШ омадааст: Аносури ДОИШ дар ҳамин минтақа яке аз раҳбарони ниманизомиёни мавсум ба дифоъи миллии вобаста ба Маскавро дар канори ҳамроҳонаш ҳадаф қарор доданд ва ин ҳамла низ мунҷар ба кушта шудани вай ва теъдоде аз муҳофизон ӯ шуд.

Маскав сешанбе аз кушта шудани як генерали худ дар паи таркиши як бомб дар масири неруҳои гаштии ин кишвар дар ҳумаи Дируззур хабар дода буд.

 

Барчасп