Август 22, 2020 17:40 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи Араб шарти худро барои сулҳ бо Исроил эълон кард

Дабири кулли Иттиҳодияи Араб дар баёнияе танҳо шарти оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистиро поёни ишғолгарӣ ва ташкили кишвари фаластинӣ дар марзҳои 1967 донист.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, «Аҳмад Абулғайт» дабири кулли Иттиҳодияи Араб пас аз гузашти 10 рӯз аз эъломи оддисозии равобит миёни Аморот ва режими саҳюнистӣ дар баёнияе гуфт, ки кишварҳои арабӣ ҳамчунон бар сари масъалаи Фаластин ваҳдати мавзеъ доранд ва иҷрои ибтикори соли 2002 ҳамчунон мабнои сулҳ бо режими Исроил аст. 
 
Абулғайт бидуни ишора ба Аморот муддаӣ шуд, ки поёни ишғолгарии режими саҳюнистӣ ва бозгашт ба марзҳои 1967, масъалае аст, ки тамоми кишварҳои арабӣ дар пайи он ҳастанд. 
 
Дабири кулли Иттиҳодияи Араб афзуд: «сулҳи ҳақиқии доим, одилона ва фарогир, хостаи кишварҳои арабӣ аст ва расидан ба ин сулҳ ҷуз бо эҳёи дубораи ҳуқуқи фаластинён ва поёни ишғолгарии Исроил ва ташкили кишвари фаластинӣ ба пойтахти Қудси шарқӣ ва ҳалли буҳрони оворагон тибқи қатъномаҳои байналмилалӣ мумкин нест.» 
 
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки тамоми кишварҳои арабӣ ба таври комил бо иҷрои тарҳи илҳоқи (ишғол) Каронаи Бохтарӣ ва ҳар иқдоме барои тағйири вазъияти сарзаминҳои ишғолӣ мухолиф ҳастанд. 
 
Аморот ва режими саҳюнистӣ камтар аз 10 рӯз пеш дар баёниае муштарак бо Амрико эълом карданд, ки бо васотати «Доналд Трамп» раисҷумҳури Амрико, тасмим ба оддисозии равобити байни худ гирифтаанд ва ба зудӣ ин тавофуқ дар Кохи Сафед ба имзои «Бенямин Натаняҳу», нахуствазири режими  Исроил ва «Муҳаммад ибни Зоид Ол Наҳён», валиаҳди Абу-Дабӣ хоҳад расид.

Барчасп