Август 29, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Иморот таҳримҳояшро алайҳи Исроил лағв кард

Имороти Муттаҳидаи Араб таҳримҳои иқтисодии худро алайҳи режими саҳюнистӣ лағв кард.

Ба  гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна, дар идомаи оддисозии равобит  миёни Абу Дабӣ ва Телавив,   Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо судури фармониу таҳримҳои иқтисодии пешини худро алайҳи Исроил канор гузошт .
Лағви ин қонун , заминаи имзои  қарордодҳои иқтисодӣ ва мубодилоти молии миёни Иморот ва Исроилро фароҳам мекунад .
Имороти Муттаҳидаи арабӣ рӯзи 13 август дар баёнияе эълом кард, ки ба унвони нахустин кишвари араб халиҷи Форс  равобиташро бо режими саҳюнистӣ оддӣ ва аланӣ мекунад .
Раиси дафтари сиёсии ҷумбиши ҳаммос Исмоил Ҳания  дар вокуниш ба иқдоми Иморот гуфта буд : тавофуқи оддисозии Иморот бо режими саҳюнистӣ ханҷаре дар пушти миллати Фаластин аст .

Барчасп