Вокуниши корбарони Твиттер ба убури ҳавопаймои исроилӣ аз осмони Арабистон
Корбарони Твиттер ба хабарҳои марбут ба убури ҳавопаймои режими саҳюнистӣ аз осмони Арабистон вокуниш нишон доданд.
Ба гузориши торнамои шабакаи хабарии “Алолам”, бархе корбарон бо интишори аксҳову нақшаҳое аз масири парвози ҳавопаймои исроилӣ навиштанд, ки Кушнер, домоди Трамп дар аввалин сафари тиҷории ширкати ҳавопаймоии исроилии Эл Ол, қабл аз ҳаракат ба самти Абузаби, аз девори Буроқ дидан кард.
Бархе корбарони Твиттер низ бо ишора ба ҳузури ҳайати саҳюнистӣ дар ин ҳавопаймо таъкид карданд, ки чизе бадтар аз ахбори хиёнат вуҷуд надорад.
Бархе фаъолони твиттерии араб низ гуфтанд, рӯйи ҳавопаймои исроилӣ ба се забон калимаи “ сулҳ” навишта шуда ва исми шаҳраки саҳюнистнишини Кирят Ғат низ рӯйи он навишта шудааст, дар ҳоле ки ин шаҳрак дар хоки Фаластин ва ба қимати хуни фаластиниҳо сохта шудааст.
Гурӯҳе аз корбарон низ ба мавозеи Арабистон дар бархурд бо убури ҳавопаймои исроилӣ аз осмони ин кишвар бино ба дархости Кушнер ишора кардаву гуфтанд, ки Арабистон ба таври махфиёна бо Исроил созиш кардааст.
Баъзеи дигар ҳушдор доданд, ки Исроил ҷосусҳои худро ба Арабистон мефиристад то ин кишварро аз дохил таҳти назар қарор диҳад.