Сентябр 07, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Арабистон ҳам барои одисозии равобит бо Исроил шарт гузошт

Подшоҳи Арабистони Саудӣ одисозии равобити Риёзбо Тел-Авивро машрут ба ташкили кишвари Фаластин донист.

Ба гузориши “Рейтерз”, Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистон дар тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт, то замоне, ки як кишвари фаластинӣ ташкил нашавад, Арабистон равобити худро бо Исроил одӣ нахоҳад кард.

Малик Салмон афзуд, Арабистон муштоқи дастёбӣ ба роҳиҳалли мунсифона ва доимӣ барои масъалаи Фаластин аст.

Аз замони рӯйи кор омадани Доналд Трамп дар Амрико, вай дар пайи одисозии равобит байни кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистии Исроил аст.

Иморот ва Исроил 13 август бар сари одисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расиданд.

Иқдоми Иморот барои одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ бо маҳкумияти бисёре аз кишварҳои исломӣ ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ҳамроҳ шудааст.

 

Барчасп