Октябр 09, 2016 18:43 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши уламои аҳли суннати Лубнон ба ҷинояти Саудӣ дар Санъо

Се нафар аз уламои барҷастаи аҳли суннати Лубнон ҷинояти ҳавлноки режими саудӣ дар Санъо, пойтахти Яманро маҳкум карданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии лубнонии "Алаҳд", шайх Суҳайб Ҳабли, шайх Ҳисом Алъилони ва шайх Моҳир Абдурраззоқ, се олими аҳли суннати Лубнон рӯзи якшанбе таъкид карданд, Созмони ҳамкории исломӣ ва Иттиҳодияи араб дар қиболи ҷинояти Саудӣ дар Санъо бояд эъломи мавзеъ кунанд.

 Ин уламои аҳли суннати Лубнон бо ишора ба ҷангафрӯзӣ ва ҷиноёти бархе давлатҳои арабӣ, Амрико ва низ режими саҳюнистӣ дар минтақа ва ҷаҳон, бедории миллатҳои арабиву исломӣ ва иқдоми ононро барои мутаваққиф кардани ҷиноятҳои Саудӣ ва ҳамппаймононаш дар ҷаҳони араб хостор шуданд.

Ба гуфтаи манобеи яманӣ, ҳамалоти Саъудӣ дар асри шанбе ба маросими азодорӣ дар ҷануби Санъо, пойтахти Яман, беш аз 700 куштаву захмӣ барҷой гузоштааст.