Сентябр 12, 2020 10:16 Asia/Dushanbe
  • Баҳрайн ҳам робитаҳояшро бо режеми саҳюнистӣ оддӣ кард

Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико ҷумъашаб аз оддисозии робитаҳо миёни Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Трамп дар теввитер эълом кард: Баҳрайн ва Исроил бар сари оддисозии комили робитаҳо ба тавофуқ расидаанд.

 Амрико, режеми саҳюнистӣ ва Баҳрайн низ баёнияи муштараке дар ин хусус мунташир карданд.

 13 август низ дар пайи талошҳои Трамп барои одисозии робитаҳои режемҳои арабӣ бо режеми саҳюнистӣ, Аморот ва ин режем бар сари оддисозии комили робитаҳои дипломатӣ ба тавофуқ расиданд.

 Ин тавофуқ бо интиқодхои густурда дар ҷаҳони ислом  рубару шудааст.

 Дар моҳҳои ахир раванди оддисозии равобити бархе режемҳои арабии минтақа бо режеми саҳюнистӣ шиддат гирифтааст.

 Талоши режемҳои арабӣ барои оддисозии равобит бо режеми саҳюнистӣ дар ҳоле аст, ки ин режем солҳо аст илова бар саркӯби фаластинён бисёре аз манотиқи арабӣ- исломиро ишғол кардааст.

 

Барчасп