Сентябр 12, 2020 16:41 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Оли Халифа бо режими саҳюнистӣ: нуқтаи атфи қиёми мардуми Баҳрайн

Ҳудуди як моҳ пас аз тавофуқи Иморот бо режими саҳюнистӣ, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико тавофуқи Баҳрайн бо режими саҳюнистиро низ эълом кард.

Трамп 13 август низ аз тавофуқи Иморот бо режими саҳюнистӣ барои оддисозии равобит хабар дода буд. Пас аз ин тавофуқ, қобили пешбинӣ буд, ки дар фосилаи кӯтоҳе тавофуқи Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ низ эълом шавад. Дар бораи тавофуқи Манома ва Тел Авив зикри чанд нукта ҳоизи аҳаммият аст.

Аввал ин ки ин тавофуқ танҳо ду рӯз пас аз нишасти Иттиҳоди Араб эълом шуд. Иттиҳодияи Араб дар нишасти рӯзи 9 сентябри худ натанҳо тавофуқи Иморот бо режими саҳюнистиро маҳкум накард, балки талвеҳан низ аз он ҳимоят кард. Тавофуқи Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ танҳо ду рӯз пас аз нишасти Иттиҳодияи Араб беш аз ҳар мавзӯе гӯёи тазъифи ҳувияти арабӣ дар сиёсатҳои кишварҳои арабӣ аст.

Дувум ин ки бар хилофи тавофуқи Иморот бо режими сҳиунистӣ, ки Муҳаммад бин Зоид, валиаҳди Иморот муддаӣ шуда буд, ин тавофуқ дар қиболи лағви илҳоқи Каронаи Бохтарӣ анҷом шуд, дар тавофуқи Манома бо Тел Авив ҳатто чунин иддаое низ матраҳ нашуд. Ин мавзӯъ низ собит мекунад, иддаои Муҳаммад бин Зоид дурӯғ буда ва режими саҳюнистӣ дар қиболи сулҳ бо Иморот ва Баҳрайн ҳеҷ имтиёзе надодааст. Дар ҳамин росто, Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт, 26 сол тӯл кашид то бо сеюмин кишвар (Иморот) тавофуқи сулҳ имзо кардем ва тавофуқ бо чаҳорумин кишвари арабӣ, яъне Баҳрайн танҳо 29 рӯз тӯл кашид.

Сеюм ин ки тавофуқи Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ низ монанд тавофуқи Иморот бо ин режим, тавассути Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълом шуд. Ин мавзӯ нишон медиҳад, ин кишварҳо сирфан истиқлоли зоҳирӣ доранд ва дар амал ҳеҷ истиқлоле дар тасмими сиёсати хориҷии худ надоранд. Баҳрайн маркази новгони панҷуми дарёии Амрико аст ва Вашингтон вазифаи ҳимоят аз Оли Халифаро дар муқобили таҳдидҳо ва ба хусус таҳдидҳои дохилӣ бар ӯҳда дорад.

Дар ҳамин росто, Довуд Шаҳоб, масъули дафтари иттилорасонии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт: «ин тавофуқ нишонгари қаймумияти Амрико бар Баҳрайн аст ва подшоҳи Баҳрайн таҳти амри давлати Амрико қарор дорад.» Сарсупурдагии ин кишварҳо ба Иморот ба ҳадде машҳӯд аст, ки ҳатто Муҳаммад Абу Тарика, бозикуни саршиноси собиқи тими миллии Миср низ дар вокуниш ба тавофуқи Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ гуфт: "оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, хиёнат аст, Фаластин масъалаи қаҳрамонон ва дилерон аст на масъалаи зердастон ва заифон."

Чаҳорум ин ки тавофуқи Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ низ собит мекунад одисозии равобити кишварҳои кӯчаки арабӣ беш аз онки паёмадҳои роҳбурдӣ дошта бошад, барои Доналд Трамп масрафи интихоботӣ дорад.

Ин иқдоми Оли Халифа, ҳадияи интихоботӣ барои Трамп аст. Камтар аз ду моҳ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико боқи аст ва давлати Трамп дар чаҳор соли нахуст дастоварди хоссе дар арсаи сиёсати хориҷӣ надоштааст. Тавофуқи режими саҳюнистӣ бо Иморот ва Баҳрайн бо ҳадафи «дастовардсозӣ» барои Трамп дар арсаи сиёсати хориҷӣ аланӣ шуд.

Панҷум ин ки бар хилофи Иморот, Баҳрайн иқтисоди қавӣ надорад ва бо мушкилоти иқтисодии мутааддиде мувоҷеҳ аст ва дар айни ҳол, дар Баҳрайн мухолифони Оли Халифа, пойгоҳи қавӣ доранд ва Баҳрайн аз 14 феврали 2011 токунун шоҳиди қиёми мардум алайҳи режими Оли Халифа аст. Давлати Амрико ҳомии аслии режими оли Халифа дар муқобили мухолифоне аст, ки аксарияти ҷамъияти Баҳрайнро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, аз яксӯ Оли Халифа барои бақо дар қудрат ночор ба табаият аз нусхаҳои Амрико аз ҷумла оддисозии равобит бо режими сҳиунистӣ аст ва аз сӯи дигар, ин тавофуқ нуқтаи атфе дар Баҳрайн барои шиддат гирифтани эътирозҳо алайҳи Оли Халифа аст.

Лизо метавон гуфт, Оли Халифа бо тавофуқ барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ муртакиби иштибоҳи роҳбурдӣ шудааст, иштибоҳе, ки метавонад ҳатто заминаи суқути он аз қудратро фароҳам кунад.

 

Барчасп