Сентябр 13, 2020 10:46 Asia/Dushanbe
  • Уламои Баҳрайн: Миллати мо аз хиёнаткорони Оли Халифа ҷудо ҳастанд

ламои Баҳрайн бо судури баёнияе бо баёни ин ки «режими диктатории Баҳрайн ҳеҷ пайванде бо миллати Баҳрайн надорад» таъкид карданд, ки миллатҳои мусалмон аз ин хиёнаткорон дур ҳастанд.

Ба гузориши Ал Олам, уламои Баҳрайн дар баёнияи худ овардаанд: хиёнаткороне, ки ба дунболи оддисозии равобит ҳастанд ва бо душмани Худованд ва уммати исломӣ тавтеа мекунанд, аз мо нестанд ва мо низ аз онҳо нестем ва аз онҳо дурӣ меҷӯем.

Ба гуфтаи уламои Баҳрайн, режими мустабиди Баҳрайн даст дар дасти душмани Худованд ва душмани уммати исломӣ ва арабӣ, яъне режими саҳюнисти хунрез ва ғосиб гузоштааст.

Онон таъкид карданд, номашрӯъ будани режими мустабиди Баҳрайн, ҷудоӣ ва гусасти он аз иродаи мардумӣ бар касе пӯшида нест ва ҷои тааҷҷуб надорад, ки маҷолиси сурии ин режим бо густохии комил ба суръат ҷашн ва пойкӯбӣ кунанд.

Дар бахши дигаре аз ин баёния тасреҳ шудааст, масъалаи Фаластин як масъалаи ақидатӣ, динӣ ва шарофатӣ аст ва бо иззат ва каромат пайванд хӯрдааст ва то замоне, ки як қатра хун дар рагҳои мусалмонон ҷорӣ аст, ҷои созише дар ин замина вуҷуд надорад.

 

Барчасп