Оворагони фаластинӣ оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро маҳкум карданд
(last modified Wed, 16 Sep 2020 14:12:00 GMT )
Сентябр 16, 2020 19:12 Asia/Dushanbe
  • Оворагони фаластинӣ оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро маҳкум карданд

Оворагони фаластинии сокини урдугоҳҳои Лубнон иқдоми Аморот ва Баҳрайн барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро маҳкум карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргзории Садо ва Симо, оворагони фаластинии сокини урдугоҳҳои Лубнон эълом карданд: ормони Фаластин муомила шуданӣ нест ва муомилаи нангини қарн ба зуболадони таърих хоҳад рафт.

Аҳмад Абдулҳоди намояндаи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Лубнон бо таъкид бар ваҳдат ва муқовимати мардуми Фаластин гуфт: муқовимат то расидан ба озодӣ идома дорад.

Атоуллоҳ Ҳамуд масъули парвандаи Фаластин дар Ҳизбуллоҳи Лубнон низ гуфт: оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ хиёнат ба хуни шуҳадои Фаластин аст.

Аморот ва Баҳрайн баъд аз эъломи тавофуқи созиш бо режими ишғолгари Қудс сешанбешаб дар Кохи Сафед бо ҳузури Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ва Бинямин Натаняҳу сарвазири Исроил, тавофуқи оддисозии равобитро имзо карданд. 

Ҳамзамон бо баргузории маросими имзои тавофуқи оддисозии равобити Аморот ва Баҳрайн бо Исроил ҷамъи зиёде аз мухолифони оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар моқобили Кохи Сафед зидди ишғолгарии Исроил ва нодида гирифта шудани ҳуқуқи фаластиниён шиор сардоданд.