Музокироти тарафҳои яманӣ дар Женева оғоз шуд
Расонаҳо аз оғози музокироти миёни тарафҳои яманӣ дар Шветсария дар бораи табодули асирон хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шабакаи хабарии Алмаёдин аз Женева гузориш дод, ки музокироти марбут ба табодули асирон ва афроди боздоштшуда, байни тарафҳои яманӣ дар Шветсария оғоз шуд.
Бар асоси эъломи расонаҳои хабарӣ ҳайатҳои эъзомии давлати истеъфокардаи Яман ва ҷунбиши Ансоруллоҳи ин кишвар рӯзи панҷшанбе барои ширкат дар ин музокирот вориди Женева шуданд.
Нахустин нишасти сулҳ барои ҳалли буҳрони Яман ҳудуди панҷ сол қабл дар Женева баргузор шуд, ки ин музокирот низ роҳ ба ҷое набурд.
Дар охирин давр аз музокироти сулҳи Яман , ки 11 декабр 2018 дар Стокголми Шветсия баргузор шуд, тарафҳои даргир тавофуқ карданд, ки бо мубодилаи асирони ҷангӣ заминаи сулҳро дар ин кишвар фароҳам кунанд.
Яман аз марти 2015 шоҳиди ҷангу муҳосираи ҳамаҷониба аз сӯи Арабистон, Аморот ва чанд кишвари дигари арабӣ бо ҳимояти Амрико аст.