Сентябр 20, 2020 14:30 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли хезиши дубораи ДИИШ дар Ироқ

Вазири хориҷаи Ироқ ҳушдор дод, ки гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳоли таҷдиди қуво дар Ироқ аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Фуод Ҳусайн, ки акнун дар Париж ба сар мебарад дар мусоҳибае бо шабакаи Ал Арабия афзуд, гурӯҳи террористии ДИИШ, бар асоси шавоҳиди мавҷуд иқдом ба таҷдиди нерӯ дар Ироқ кардааст ва оғози амалиёти муҷаддад аз сӯи ин гурӯҳ дар ин кишвар амре дур аз зеҳн нест.

Вазири хориҷаи Ироқ инро ҳам гуфт, ки давлати Ироқ мусаммам аст то силоҳҳои мавҷуд дар саросари Ироқро ҷамъовари кунад ва ба он сомон диҳад.

Фуод Ҳусайн бо баёни инки шумори зиёде аз террористҳои ДИИШ дар Ироқ, ки акнун дастгир шудаанд аз шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ ҳастанд ва аз сӯи кишварҳои худ мавриди пазириш қарор намегиранд, аз фишори бархе аз кишварҳои аврупоӣ барои тахфиф ва коҳиши муҷозоти террористҳои ДИИШ интиқод кард.

Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки баҳори имсол ҳам рӯзномаи фаронсавии Le Monde аз фаъолияти дубораи ДИИШ дар шимоли шарқи Ироқ ва нуфуз се ҳазор нафар аз аносури он аз Сурия ба ин минтақа парда бардошт.

ДИИШ дар соли 2014 ҳангоме, ки аз Сурия ба ғарби Ироқ ҳамлавар шуд ва шаҳрҳои бузурге монанди Мусилро ба тасарруфи худ даровард, сархати ахбори ҷаҳониро ба худ ихтисос дод.

Онҳо тақрибан дар наздикиҳои Бағдод эҷоди хилофатро эълом карданд.

Дар ниҳоят ин гурӯҳ бо муқовимати мардуми Ироқ ва ҳамкории бархе кишварҳои минтақа бавижа Эрон дар соли 2018 дар Ироқ шикаст хӯрд ва сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ дар ин сол поёни ҳаёти ДИИШ-ро дар Ироқ эълом кард.

Эҳтимоли хезиши дубораи ДИИШ дар Ироқ

Барчасп