Бузургтарин содиркунандагон ва воридкунандагони силоҳ ба ғарби Осиё чӣ кишварҳое ҳастанд?
(last modified Sun, 27 Sep 2020 10:30:19 GMT )
Сентябр 27, 2020 15:30 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин содиркунандагон ва воридкунандагони силоҳ ба ғарби Осиё чӣ кишварҳое ҳастанд?

Ҷадидтарин пажӯҳиши Маркази сиёсатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки Амрико дар садри кишварҳои содиркунандаи силоҳ ба ғарби Осиё ва шимоли Африқо қарор дорад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал Фурот, дар пажӯҳиши ҷадиди Маркази сиёсатҳои байналмилалӣ ва омору иттилоотӣ дар бораи мизони силоҳҳои содиршуда аз сӯи қудратҳои ҷаҳонӣ ба ғарби Осиё ва шимоли Африқо аз соли 2015 то 2019 мунташир шудааст, ки бар асоси он, Иёлоти Муттаҳида бо ихтисоси 48 дарсад аз нисбати силоҳҳои содиротӣ ба ин минтақа дар садри кишварҳои содиркунандаи аслиҳа қарор мегирад.

Пас аз Амрико, Русия бо 17 дарсад, Фаронса бо 11 дарсад ва Британия ва Олмон бо 5 дарсад дар раддаҳои баъдӣ қарор мегиранд.  

Ҳамчунин бар асоси ин Иморот ва Арабистон бузургтарин воридкунандаи аслиҳа дар минтақаи ғарби Осиё ва шимоли Африқо башумор меравад.