Туркия : Далеле барои иддаои Арманистон вуҷуд надорад
Вазорати дифои Туркия эълом кард ,далеле барои иддаои Арманистон дар бораи истифода аз ҷангандаҳо ва паҳподҳои Туркия дар Қарабоғ вуҷуд надорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазорати дифои Туркия рўзи чаҳоршанбе бо интишори баёнияе ба иддаоҳои Арманистон дар бора ҳузури ин кишвар дар даргириҳои Қарабоғ вокуниш нишон дод .
Вазорати дифои Туркия дар баёнияи худ таъкид карда, ки шоҳиде барои ин иддаоҳо вуҷуд надорад ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон таи рӯзҳои ахир исбот карда, ки тавоноии пирӯзӣ дар ин даргириро дорад .
Ахиран мақомоту расонаҳои Арманистон гузоришҳое дар бораи истифодаи ҷумҳӯрии Озарбойҷон аз ҷангандаҳо ва паҳподҳои сохти Туркия дар даргириҳои Қарабоғ матраҳ карда буданд .
Илова бар ин Арманистон эълом карда буд, ки Туркия нерӯи низомӣ барои ҳимоят аз ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар даргириҳои Қарабоғ сафарбар карда аст .
Муноқишаи миёни ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Арманистон, ки бар сари минтақаи Қарабоғ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд , бори дигар аз субҳи якшанбе бо оташ гушӯдани нерӯҳои ду тараф оғоз шуда, ки то кунун шуморе аз нерӯҳои тарафҳо дар ин даргириҳо кушта ё захмӣ шудаанд.