Октябр 15, 2020 18:04 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи намояндаи Созмони милал фиреби сиёсистӣ аст
    Тарҳи намояндаи Созмони милал фиреби сиёсистӣ аст

Давлати Наҷоти Миллии Яман эълом кард, ки тарҳи фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ин кишвар, як фиреби сиёсӣ аст ва онро намепазирад.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбе  рӯзномаи " ал-Ахбор", Давлати Наҷоти Миллии Яман  нусхаи ҷадид ва ислоҳшудаи тарҳи « Мартин Гриффитс фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яманро як роҳи ҳалли ҷузъӣ донист ва афзуд, ин тарҳ тазминкунандаи поёни ҷанг нест ва боис мешавад тарафи Саудӣ контроли Яманро дар ихтиёр бигирад .
Давлати Яман  ҳадафи дигари тарҳи фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ин кишварро тавоққуфи пешравии артиш ва комитетҳои мардумии Яман донисту афзуд, Арабистони Саудӣ ба давлати мустаъфии Яман дастур дода дар зоҳир бо ин тарҳ мухолифат кунад, аммо дар воқеъ роҳе ҷуз  мувофиқат бо он надорад .
Чаҳорумин даври музокироти сулҳи Яман декабри 2018 бо ҳузури тарафҳои яманӣ ба раёсати намояндаи вижаи дабирикулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман дар Стокголми Шветсия  баргузор шуд .
 «Мартин Гриффитс» фиристодаи вижаи Созмони Милал дар умури Яман то кунун ба дидорҳои худ дар Риёз идома додааст, то зоҳирани мувофиқати аввалияи давлати мустаъфии Яман бо тарҳи пешниҳодӣ ва ислоҳи ‎шудааш ( нусхаи чаҳорум )-ро бигирад, аммо давлати мустаъфӣ ҳамчунони тарҳи пешниҳодии Гриффитсро рад мекунад .

Барчасп