Октябр 24, 2020 20:32 Asia/Dushanbe
  • Омӯзгори фаластинӣ Асма Мустафо омӯзгори бартари ҷаҳон шуд
    Омӯзгори фаластинӣ Асма Мустафо омӯзгори бартари ҷаҳон шуд

Асма Мустафо, омӯзгори фаластинӣ аз Навори Ғазза, дар соли 2020 муаллими беҳтарини ҷаҳон интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази иттилорасонии Фаластин, Асма Мустафо, омӯзгори забони англисии мактаби Ҳалима Ас-Садия дар шимоли Ғазза, барои навоварӣ дар таълими забони англисӣ, аз ҷумла навиштани китоби "45 бози барои омӯзиши забони англисӣ ба ғайри англисизабонон" аз сӯи Ассотсиатсияи таҳсилоти AKS дар Ҳиндустон рутбаи нахустро касб кард.

Ин муаллими фаластинӣ тавонист дар муассисаҳои омӯзишии байналмилалии зиёде узв шавад ва бо ширкатҳои ҷаҳонии мухталиф ҳамчун Microsoft, Google, Apple ва National Geographic ҳамкорӣ кунад.

Дар солҳои 2018 ва 2019 низ ду муаллими фаластинӣ, Аяд Аҳмад ас-Суқӣ ва Раъно Зиёде аз Коронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза ба ҳайси устодони беҳтарини ҷаҳон интихоб шуданд.

Бо вуҷуди муҳосира ва ҳамлаҳои ҳаррӯзаи режими саҳюнистӣ, фаластиниҳо ҳамеша дар сафи пеши илм ва донишанд ва дар қатори ҷойгоҳҳои олам қарор доранд.

Бештар бихонед: