Октябр 27, 2020 15:18 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон таҳрими колоҳои фаронсавиро хостор шуд
    Эрдуғон таҳрими колоҳои фаронсавиро хостор шуд

Дар идомаи таниш миёни Фаронса ва Туркия ба дунболи иҳонати Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ба муқаддасоти исломӣ ва мусулмонон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон таҳрими колоҳои фаронсавиро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз ИРНА, Эрдуғон, ки душанбешаб дар маросиме ба муносибати оғози " ҳафтаи милоди пайёмбар( с )" сухан мегуфт бори дигар бо ҳамла ба Макрон вайро бемор тавсиф кард ва гуфт: Ҳамла ба ислому мусулмонон бо ташвиқи раҳбари Фаронса шуруъ шуд, ки худ ниёзманди он аст, ки ба лиҳози равонӣ дармон шавад.

Раиси ҷумҳури Туркия афзуд: Душманӣ бо ислому мусулмонон ба сиёсати мавриди ҳимояти раҳбарони бархе кишварҳои аврупоӣ табдил шудааст.

Ироқиҳо ҳам рафтори Макронро таҳаммул накарданд

Намояндагони порлумони Ироқ ҳам эълом карданд: Суханони  Эммануэл Макрон- раиси ҷумҳури Фаронса дар ҳимоят аз иҳонат ба паёмбари ислом (с) метавонад бо ба вуҷуд овардани  кинаву тундравӣ зидди мусулмонон дар ҷавомеъи ғарбӣ, ҳамзистии мусолиматомез миёни динҳои мухталиф дар ҷаҳонро ба хатар баияндозад.

Парлумони Ироқ: Суханони Эммануэл Макрон ҳамзистии динҳоро ба хатар меандозад

Дафтари сиёсии гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ низ бо судури баёнияе эълом кард, суханони Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар ҳимоят аз иҳонат ба пайёмбари ислом (с) иҳонате ошкор ба хатти қирмизи мусулмонон аст.

Таъкиди  муфтии Уммон бар таҳрими колоҳои фаронсавӣ

Муфтии Уммони ҳам мусулмонони ҷаҳонро ба хориҷ кардани сармояҳои худ аз марокизи иқтисодии Фаронса фарохонд.

Аҳмад Алхалилӣ- муфтии Уммон бо интишори баёнияе зимни ҳимоят аз пӯйиши таҳрими колоҳои сохти Фаронса гуфт: Мақомоти Фаронса бо иҳонат ба пайёмбари бузургвори ислом (с) нишон доданд, ки аҳамияту арзише барои эҳсосоти уммати исломӣ қоил нестанд.

Нашрияи фаронсавии Чарлӣ Эбдо дар рӯзҳои гузашта бори дигар иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи пайёмбари гиромии ислом (с) кардааст.

Эммануэл Макрон- раиси ҷумҳури Фаронса ҳам ахиран эълом кардааст, ки Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳои тавҳиномез зидди расули гиромии ислом (с) идома хоҳад дод.

Ин иқдоми тавҳиномез бо маҳкумияти густарда дар ҷаҳони ислом рӯ ба рӯ шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп