Октябр 28, 2020 13:59 Asia/Dushanbe
  • Фарҳон: Робитаҳо бо Исроил заминаро барои музокироти сулҳи Фаластин фароҳам мекунад
    Фарҳон: Робитаҳо бо Исроил заминаро барои музокироти сулҳи Фаластин фароҳам мекунад

Вазири умури хориҷаи Арабистон бар пайвастани режими саъудӣ ба қатори оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи хабарии Ал-Аҳд, Файсал бин Фарҳон- вазири умури хориҷаи Арабистони саъудӣ гуфт: Созиш бо режими саҳюнистӣ дар ниҳоят рух хоҳад дод.

Вазири  умури хориҷаи Арабистон афзуд: Ихтилофоте, ки гоҳе миёни Риёз ва Вашингтон рӯй медиҳад тасодуфӣ аст ин равобити дуҷониба бар пояи равобити шахсӣ нест балки асоси он, манофеъи ду турфааст.

Фарҳон муддаӣ шуд: Оддисозии равобит бо Исроил заминаро барои музокираи фаластиниҳо бо Тел-Авив фароҳам мекунад.

Дар паи талошҳои раиси ҷумҳури Амрико барои сабукии раванди оддисозии равобити бархе кишварҳо бо режими саҳюнистӣ, Иморот, Баҳрайн ва Судон бо Исроил бар сари оддисозии комили равобити дипломатик ба тавофуқ расиданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп