Дарди сари ҷадид барои Эрдуғон ба хотири сумкаи ҳамсараш
Мухолифони Эрдуғон бо интишори тасовире аз кифи дастии ҳамсари вай, ки сохти Фаронса аст аз ӯ хостаанд, агар дар ҳақиқат дар таҳрими колоҳои фаронсавӣ ҷиддӣ аст, аввал сумкаи ҳамсари худашро оташ бизанад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, пас аз моҷароии сафороии Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар баробари Эммануел Макрон ҳамтоии фаронсавиаш дар моҷарои ҳимояти Макрон аз тавҳини нашрияи Шарли Эбдо ба Паёмбари акрам ( с), акнун мухолифони Эрдуғон интиқодҳоеро мутаваҷҷеҳи вай кардаанд.
Камол Қиличдор Уғлу раиси ҳизби Ҷумҳурихоҳи халқ бо пеш кашидани кифи фаронсавии ҳамсари Эрдуғон ба у гуфтааст: «Ту мегӯи, ки колоҳои фаронсавиро таҳрим кунед. Хеле хуб. Сумкаи фаронсавии Марк Ҳермисро, ки вай ба маблағи 50 ҳазор доллар харидааст, бисӯзонед ва корхонаи Renault-ро бибанд. Шумо танҳо бе амал гап мезанед. Оё дар Туркия шаҳрванде боқӣ мондааст, ки маҳсулоти фаронсавиро харида тавонад? "Ҳузур дар ҷаҳони сиёсат ва васоити ахбори омма маънои дар як ҳуҷраи шиша буданро дорад, ки дар он ҳама озодона мебинанд ва доварӣ мекунанд."
Амалҳои Эрдуғон дар солҳои охир, бахусус дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, ҳам таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб карданд ва ҳам дар афкори ҷамъиятӣ саволҳо ба миён оварданд. Дастгирии Эрдуғон аз Фаластин ва инчунин муносибатҳои идомаи Анкара-Тел-Авив дар давраи ҳукмронии ӯ мунаққидонро водор карданд, ки ӯро дар самимият дар дастгирии лафзӣ ба ҷаҳони ислом муттаҳам кунанд.
Бештар бихонед: